Зимни баррасии масъала, ки тӯли беш аз як сол корҳои фаҳмондадиҳӣ тибқи талаботи қонунгузорӣ аз ҷониби сохторҳои масъули шаҳрдорӣ бо соҳибмулкони иншоот анҷом дода шудааст, Маҳмадсаид Убайдуллоев моҳият ва зарурати тарҳрезии амали мазкурро ба соҳибмулкон талқин намуда, афзуд, ки зимни роҳандозии ин тадбир набояд ҳуқуқҳои соҳибмулкон поймол ва манфиатҳои онҳо дар доираи санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар ҳатман риоя ва ҳифз карда шаванд. Пеш аз ҳама таъкид намуд, ки дар марҳилаи феълӣ соҳибмулкон имкон доранд аз ҳисоби маблағҳои худӣ ё ҷалби сармоягузорони интихобкардаашон бунёди иншооти тибқи Нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар минтақаҳои мавриди таваҷҷӯҳ беш аз нӯҳ ошёна пешбинигардидаро дар асоси лоиҳаҳои бо шаҳрдорӣ ба мувофиқарасида амалӣ созанд.
Дар сурати надоштани имкониятҳои молиявӣ онҳо ҳуқуқ доранд, ки бар ивази иншооташон арзиши бозории онро мутобиқ ба муқаррароти қонунгузории амалкунанда аз ҳисоби фармоишгар, ё худ дар асоси шартномаи тарафайн миёни фармоишгар ва соҳибмулк аз ҳисоби иншооти бунёдшаванда минбаъд иншоот ё квартираи бартарафгардидаашонро баробар ба масоҳати мавҷуда дастрас намоянд.
Дар ин равобит Маҳмадсаид Убайдуллоев бо шарҳи дурнамои амалисозии Нақшаи генералии шаҳр дар минтақаи мазкур афзуд, ки азнавсозии иншооти зикргардида на дертар аз моҳи сентябри соли 2013 бояд бо риояи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ ба итмом расонида шавад.
Дар ҷаласа инчунин дигар масоили мубрами ҳаёти хоҷагидории шаҳр мавриди таваҷҷӯҳи шаҳрдор қарор гирифта, оид ба пешбурди онҳо ба масъулин дастуру супоришоти мушаххас ироа гардид. Зимнан, ба сардори РКД-и шаҳри Душанбе А. Бузмаков таъкид гашт, ки нисбати риояи регламенти шаҳр оид ба хизматрасонӣ аз ҷониби дилхоҳ субъектҳои хоҷагидор, ки ба истиснои муассисаҳои ҳаётан муҳим то соати 23-00 муқаррар гардидааст, баҳри таъмини оромию осудагии сокинон ва тартиботи ҷамъиятӣ чораҳои таъхирнопазир андешад.