Аснои нишакст ба мавзӯъҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба, рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии дуҷониба, масъалаҳои зарурати ҳарчӣ зудтар амалӣ намудани ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Созишномаи сеҷонибаи Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон оид ба транзит, кушодани хатти парвози мустақими Душанбе-Исломобод табодули назар сурат гирифт.
Сипас, ҷонибҳо равобит бо Афғонистон ва зарурати таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, инчунин масъалаҳои иштироки ҳайати баландмақоми Покистон дар Конфронси RECCA V-ро матраҳ карданд.Зубайдов иброз дошт, ки иштироки ҳайати баландпояи Покистон дар кори RECCA V имкон медиҳад, то Тоҷикистону Покистон дар ҳошияи он ҷиҳати роҳандозии талошҳои ҷомеаи байналмилалӣ ва кишварҳои минтақа дар самти барқарорсозии иқтисодиёти Афғонистон ва сулҳу суботи ин кишвар иқдомҳои муштараку муассир андешанд.