«Роҳи асосӣ ва самарабахши коҳиш додани таъсири манфии омилҳои берунӣ ва пешгирӣ аз болоравии нархи маводи ғизоӣ ба роҳ мондани истифодаи босамар аз обу замин, кишти такрории сабзавоту полезӣ ва лӯбиёгиҳо ва таъмин намудани фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ аст».
Дар ин бора, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи машваратӣ, ки рӯзи 25-уми май дар ноҳияи Данғара бо иштироки фаъолони вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарияти вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва масъулини сатҳи ҷумҳуриявӣ сурат пазируфт, иброз дошт. Райисҷумҳур афзуд, вилояти Хатлон ва хусусан ноҳияи Данғара метавонанд дар таъмини амнияти озуқавории кишвар нақши намоён гузоранд, зеро имкону захираҳо дар ин ҷо хеле зиёданд ва мардуми заҳматдӯсти шаҳру ноҳияҳои ин вилоят бояд ин масъулиятро бо сарбаландӣ бар дӯш гирифта, дар татбиқи ин ҳадафи стратегии давлат саҳми арзандаи худро гузоранд.Зимнан, дар нишасти мазкур рафти иҷрои буҷаи давлатӣ, супоришҳои қаблан додашуда, барномаҳои давлатии соҳаи кишоварзӣ, масоили вобаста ба истифодаи босамари обу замин, омодагӣ ба зимистон ва таҷлили 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон баррасӣ шуд.Таваҷҷӯҳи асосӣ ба ташкили корҳои судбахш барои истодагарӣ дар муқобили мушкилоти имрӯзаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла болоравии нархи сӯзишворию ва хӯрокворӣ ва камборишию камобии имсолаи Тоҷикистон зоҳир гардид. Дар робита ба омодагӣ ба таҷлили 20-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки мафҳуми иншооти ҷашнӣ бояд аз миён бардошта шавад, зеро тамоми ҳудуди кишвар ба истиқболи ин ид бояд дар маҷмӯъ ободу зебо ва сарсабзу хуррам шавад.{jathumbnail off}