Аз 5 то 11 феврали соли 2012 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи муштараки навбатии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон баргузор гардид.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии ВКХ, зимни вохӯрӣ тарафҳо дар ҳалли масъалаҳои муқарраршуда ба мувофиқаи муайян омаданд. Гуфта мешавад, нишасти мазкур дар фазои ҳусни тафоҳум ва якдигарфаҳмӣ ҷараён гирифт.
Ба иттилои манбаъ, гуфтушунидҳо баъдан ҳам идома хоҳанд ёфт. Вохӯрии навбатии ҳайати ҷонибҳо дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон барпо мегардад.