Бино ба иттилои хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд машварати корӣ дар Ғончӣ, ноҳияҳоии Ҷаббор Расулов, Зафаробод, Спитамен, Ашт ва Қайроққум сурат пазируфта, татбиқи қонун «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд» аз мавзӯи калидии мавриди баррасӣ будааст.
Фаъолнокии ҷомеа, бахусус занон дар татбиқи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар тарбияи фарзанд», пешгирии ҳодисаҳои номатлуб миёни бонувон ва ҷавонону наврасон аз ҳадафҳои аслии роҳандозии машварати корӣ унвон шуд.