Даргузашти Олим Бобоев (Олими Искандарӣ), овозхони маъруфи кишвар дар санъати тоҷик як холигиеро ба вуҷуд овард. Номбурда рӯзи 7-уми феврал, дар сини 54- солагӣ бар асари бемории тӯлонӣ (ба қавли пизишкон Бобоев тайи чанд соли ахир аз маризии ҷигар ранҷ мебурд) дар шаҳри Душанбе аз олам даргузашт ва рӯзи дигар ҷанозаи ӯ дар ноҳияи Панҷакент ба хок супорида шуд.
Олим Бобоев баъди хатми Донишкадаи ҳунарҳои зебои ба номи Мирзо Турсунзода дар соли 1980 як муддат дар зодгоҳаш- ноҳияи Панҷакент мемонаду баъдан ба Душанбе омада, фаъолияти ҳунарии хешро дар дастаи «Ганҷина»-и Филармонияи давлатӣ оғоз менамояд. Дар ҳамин шабу рӯз Олим Бобоев дар қатори дигар шашмақомсароёни шинохтаи кишвар дар рушди ин бахш саҳми сазовор. Узви дастаи «Шашмақоми»-и Кумитаи телевизион ва радиои Тоҷикистон, барандаи чандинкаратаи ҷашнвораи байналмилалии «Таронаҳои шарқ», Олим Бобоевро нооромиҳои солҳои 1992-1993 водор месозад, ки Душанберо тарк намуда, боз ба зодгоҳаш равад ва дар он ҷо ба шогирдон дарс мегуфт. Дар ин миён Олим Бобоев дар қатори як гурӯҳ ҳунармандони шинохтаи кишвар барои иштирок дар ҷашнвораи байналмилалии мусиқии этникӣ ба Париж даъват шуд. Баъд аз анҷоми ин ҷашнвора бо дархости ҳунармандони фаронсавӣ муддате дар Фаронса монд ва дар Консерваторияи олии мусиқӣ ва рақси Париж, ки яке аз бонуфузтарин таълимгоҳи Аврупо ба ҳисоб меравад, аз «Шашмақом» ва мусиқии мардумии тоҷик дарс додааст.
Зимнан, соли 2006-ум Олим Бобоев бо силсилатаронаҳои ҷадиди худ бори дигар ба саҳнаи ҳунарӣ баргашт. Ӯ дар дил нақшаву ниятҳои зиёде ҳам дошт, вале мутаасифона тақдир даст надод, ки нақшаҳояшро пурра амалӣ созад. Наздикону ҳамсабақони ӯ мегӯянд, овози худододи Олимҷон Бобоев нотакрору беҳамто буд. Афсӯс, ки чунин як марди боҳунару боистеъдод, ки бо садои дилошӯб ва оҳанги самимонаву дилкашаш шунавандаро мафтун месохт, аз мо рафт.
Олим Бобоев мусиқии миллӣ-«Шашмақом»-ро хеле дӯст медошт ва мегуфт, «Шашамақом» ба сари худ мушкиле надорад, вале овозхонҳое, ки мехоҳанд, ин ҳунари бостониро пеша кунанд, бо мушкил рӯ ба рӯянд. Аз як ҷониб, риояи ҳамаи нозукиҳои ин мусиқӣ сангин аст ва аз сӯи дигар шунидани он омодагии махсуси шунавандаро тақозо мекунад .
Ба қавли бархе аз ҳампешагонаш тарки Ватан намудани оҳангсозони боистеъдод, фавтидан ва аз пешаи ҳанарӣ дур шудани иддае аз оҳангсозони кишвар, Олим Бобоевро нигарон сохта буду пайваста аз ин хало гила мекард. Нафароне, ки ин ҳунармандро аз наздик мешиносанд, ишора ба он мекунанд, ки баъди ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва тарки пойтахт карданаш Олими Бобоев дигар натавонист, ба зиндагӣ дилгарм шавад ва мусиқии ҳирфаиро рушд диҳад, ӯ бештар вақт ноумеду рӯҳафтода менамуд…