Зимнан, Маҳмадсаид Убайдуллоев лоиҳаи аз ҷониби сохторҳои шаҳрӣ дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва комиссияи ҷамъиятӣ таҳиягардидаи қарори раиси шаҳри Душанбе оид ба тарифҳои нави ҳамлу нақли мусофирон дар шаҳри Душанберо мавриди баррасӣ қарор дода, бо инобати мутобиқат накардани он оид ба таъмини ҳифзи иҷтимоии категорияҳои алоҳидаи шаҳр, лоиҳаро бе ҷонибдорӣ, барои коркарди иловагӣ баргардонд. Дар ин зимн муқаррар сохт, ки дар мӯҳлати ду ҳафта масъулин лоиҳаро бо ҷалби институтҳои дахлдор мукаммал сохта, унвонии раиси шаҳри Душанбе ирсол созанд.
Инчунин баҳри мукаммалсозии низоми мавҷудаи идоракунии системаи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятӣ дар шаҳр гурӯҳи корӣ дар ҳайати мутахассисон ва коршиносони мустақили соҳавӣ таҳти раёсати Олимҷон Бобоев – директори Пажӯҳишгоҳи иқтисодиёт ва демографияи Академияи илмҳои ҶТ таъсис дода шуд, ки дар мӯҳлати як моҳ масъаларо мавриди пажӯҳиши амиқ қарор дода, дар натиҷа сохтор ва роҳҳои нави беҳбудбахшии хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятиро таҳия ва ба раиси шаҳр ирсол намояд.