Маводҳое, ки дар тӯли солҳои сипаришуда нашр шудаанд, то ҷое манзараи ҷомеъи фоҷеаи рухдода ва дидгоҳҳои мухталифи аҳли ҷомеа ва ҷомеадоронро нисбат ба он ҳодиса ифода мекунанд. Дар гармогармии фоҷеаи баҳманмоҳ Президиуми Шӯрои олии онвақтаи Тоҷикистон комиссияе оид ба тафтиши воқеаҳои 12-14 феврали соли 1990 таъсис дод, ки муовинии раиси ин коммиссияро намояндаи мардумӣ, муовини Додситони онвақтаи нақлиёти Осиёи Миёна С. Кенҷаев ба уҳда дошт. Дар арафаи солрӯзи ин фоҷеа гузориши комиссия оид ба тафтиши воқеаҳо нашр гардид. Ҳамон рӯзҳо С. Кенҷаев дар як мусоҳибаи расонаӣ гуфта буд: "…мо 17 нафар аъзои комиссиюн сарфи назар аз он ҳама садду мушкилоте, ки ҳини кор пеши роҳамон пайдо гаштанд, кори зиёдеро ба субут расонидем… ва дар натиҷа ба хулосаи аниқе омадем, ки сабаби асосии рух додани воқеаҳо ин ба ҳадди ниҳоӣ паст будани сатҳи зиндагии мардуми таҳҷоӣ, вазъияти буҳронии иқтисодиву иҷтимоӣ, тараққиёти номутаносиби ноҳияҳо ва беътиноии роҳбарон ва талабу дархостҳои рӯзафзуни аҳолист…»
Идомаи матлаб дар ин нишонист: https://www.ozodagon.com/s/item/16174