Мурофиаи додгоҳии Тӯраҷонзодаҳо алайҳи Сидмукаррам Абдулқодирзода боз ба таъхир афтод.
Тавре Бузургмеҳр Ёров вакили мудофеъи хонаводаи Тӯраҷонзодаҳо ба хабаргузории «Озодагон» хабар дод, баъди оне, ки мурофиаи судӣ оғоз гашт, муқарар карда шуд, ки шоҳидоне, ки даъватномаи судӣ доранд умуман ба мурофиаи судӣ ҳозир нашуданд.
Вай аз ҷумла гуфт: «Тавре маълум гашт, ду рӯзи охир мақомоти давлатиӣ, хусусан мақомоти амният ва ҳукуматҳои маҳаллӣ кӯшиш намудаанд, ки ба шоҳидон таъсир расонида шавад, то онҳо ба мурофиаи судӣ омада натавонанд. Ду нафар шоҳиде, ки бояд дар мурофиа иштирок мекарданд, яке Алломаи Регарӣ ва дигаре Давлатмурод Ҷамолов, сокини маҳаллаи Қазоқони ноҳияи синои пойтахт бо таъсири мақомоти давлатӣ ба мурофиа ширкат карда натавонистанд.
Ҳамзамон Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар сӯҳбат бо мо гуфт: "Эшони Алломаи Регарӣ ба ман занг зада изҳор дошт, ки ҳамин шаб раиси дастгоҳи шаҳри Турсунзодаву як нафари дигар омада аз ӯ зиёд хоҳиш кардаанд, ки шумо ба ин корҳо дахолат накунед. Яъне ҳам насиҳату ҳам супориш додаанд, ки ин кор оқибати хуб надорад. Намедонем, шояд шоҳидони дигарамонро ҳам чунин тарсонда бошанд, ба ҳар ҳол баъди суд маълум мешавад".