Ахиран қарори марбутаи райиси вилоят «Дар бораи расонидани кӯмаки моддӣ» бо назардошти қадршиносӣ ва ҳифзи иҷтимоии маъюбони бартарафкунии садамаи нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ба тасвиб расид.
Барои дар амал татбиқ намудани қарори мазкур ба Сарраёсати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят супориш дода шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои ба Сарраёсати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят дар соли 2012 пешбинишуда барои пардохти маблағҳои мазкур ба маблағи 67.200 сомонӣ ҷудо намояд.
Ҳамчунин, қарори райиси вилоят №37 «Дар бораи расонидани кӯмаки моддӣ» бо назардошти хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати шоистаи солҳои ҷанг дар ақибгоҳ ва ба муносибати истиқболи ҷашни 67-солагии Иди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба имзо расид.
Тибқи қарори мазкур барои пардохти маблағҳо аз ҳисоби Сарраёсати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилоят 830 ҳазору 40 сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст.