Сафаралӣ Раҷабов ёдовар шуд, ки дар Тоҷикистон то соли 2006 Қонун «Дар бораи тендер» амал мекард, ки бо қабули Қонуни нав аз эътибор соқит дониста шуд. Бо мақсади амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонӣ» тайи солҳои 2007-2008 маҷмӯи санадҳои зерқонунӣ, аз ҷумла низомнома дар бораи расмиёти хариди давлатӣ, ҳуҷҷатҳои стандартии тендерӣ, дастурамал оиди интихоби пешакии тахассусӣ, намунаҳои ҳисоботҳо ва шартномаҳо , ки расмиёти харидро пурра ва мушаххас ба танзим медароранд, аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ гардидаанд: «Ҳамчунин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷараёни ғайримарказонидани хариди давлатиро оғоз намудааст ва айни ҳол дар ҷумҳурӣ 19 вазорату идораҳо хариди молро мустақилона анҷом дода истодаанд» - гуфт дар хотима райиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Сафаралӣ Раҷабов.
Намояндагони Бонки Умумиҷаҳонӣ низ аз иқдомоти МН ва дар ин замина аз роҳбарияти давлату ҳукумати кишвар ҷиҳати фароҳам овардани фазои мусоиди хариди мол, кор ва хизматрасонӣ дар мамлакат ва талош барои иҷрои шартҳои дохилшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ибрози қаноатмандӣ намуданд. Зикр шуд, ки Бонки Умумиҷаҳонӣ тамоми кўшиш ва талошҳои худро барои ҳарчи зудтар ворид шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Созмони Умумиҷаҳонии Савдо ва дар ин замина таъмини рушди устувори иқтисодиии ҷумҳурии мо ба харҷ хоҳад дод.