Эътирофоти боздоштшудагони шабакаи ҷосусӣ дар Эрон ба зудӣ аз тариқи телевизион пахш мешавад.
Дар ин бора вазири иттилооти (амнияти) ин кишвар Ҳайдар Муслеҳӣ дар ҳошияи ҷаласаи ҳайати вазирони Эрон дар сӯҳбат бо хабарнигорон иброз дошт. Ба гуфтаи ӯ, қаблан гузориши кӯтоҳе аз амалҳои шабакаи ҷосусии вобаста ба Раёсати Марказии Кашофии (СРУ)- Амрико аз телевизиони Эрон пахш шуд ва ба зудӣ бахше аз эътирофоти аъзои боздоштшудаи ин шабака низ намоиш дода мешавад.
Муслеҳӣ афзудааст, бар асоси иттилооте, ки вазорат эълон намуд, 30 нафар аз аъзои ин шабака дар дохили Эрон боздошт шудаанд ва 42 афсари амниятии амрикоӣ ҳам дар кишварҳои дигар шиносоӣ шудаанд. Ҳамчунин, шахсияти 5 нафар ҳам, ки барои ҷалби афрод талош доштаанд, фош шудааст.
Вазири иттилоотӣ Эрон ҳамчунин гуфт, фаъолиятҳои ин шабака бештар ба ҳавзаҳои ҳастаӣ ва марказҳои муҳими нафту газ равона шуда ва ҳадафи асосии онҳо харобкорӣ буд.