Тибқи иттилои хабарнигори масковии «Озодагон», шогирдони Ширин Бунёд- Адолатбеки Рустамбек, Броимшо Муҳаммадшоев, Басирӣ Абдулло, ҳамчунин роҳбари медиахолдинги «Tajinfo», рӯзноманигори маъруф Муҳаммади Эгамзод, дӯсти шоир - омӯзгори забон ва адабиёти тоҷик Қамчинбек Ҷамшедов, корманди сафорат Муҳаррам Қодирова дар бораи паҳлӯҳои алоҳидаи эҷодиёт ва зиндагии шоир, хотираву бардоштҳояшон аз сӯҳбату вохӯриҳо бо адиб ва қадрдонии заҳматҳои ӯ аз сӯи давлату ҳукумати ҷумҳурӣ андеша ронда, дар зимн пораҳоеро низ аз ашъори шоир қироат намуданд. Дар ин шоми ёдбуд меҳмонони зиёде, аз шумори дӯстону наздикон, пайвандон, аҳли хонадон ва шогирдону ҳаводорони шоир ҷамъ омада, тайи чанд соат аз рӯзгор ва эҷодиёти ӯ, мавзӯъ ва вежагиҳои осори ӯ, лаҳзаҳои ҷудогонаи ҳаёти шоир, хислатҳои накӯ ва фазилатҳои наҷибаш сӯҳбат оростанд.Ҳунармандони тоҷик бошанд, бо суруду мусиқиҳои ҷаззоб хотири ҳозиринро шод намуданд.
-Дар охири маҳфил пайвандони шоир расми ӯро ба сафорати Тоҷикистон тақдим доштанд,-афзуд манбаъ.