Обама: «Исроил ҳеҷ тасмиме алайҳиЭрон нагирифтааст
Исроил ҳанўз ҳеҷ тасмиме дар мавриди ҳамла ба корхонаҳои ҳастаии Эрон нагирифтааст.
Ин суханонро раиси ҷумҳурии Амрико Борак Обама рўзи душанбе, дар пайи як мусоҳибаи худ бо шабакаи телевизионии «NBC» дар посух ба суоли эҳтимолии иқдомоти низомии Исроил алайҳи Эрон гуфт. Инчунин ӯ афзуд, ки ҳадафи моҳал намудани ин масъала аз роҳи сиёсӣ аст, зеро ин беҳтарин роҳ ба шумор меравад. Бо ишора ба таҳримҳои ҷорӣ алайҳи давлати исломӣ, Обама таъкид намуд, ки Эрон таъсири ин таҳримҳоро эҳсос хоҳад кард. Ин дар ҳоле аст, ки Исроил тайи чандрўзи ахир дар бораи иқдомоти низомии худ алайҳи корхонаҳои атомии Эрон сухан мегўяд.