Олимони яке аз донишгоҳҳои Лондон баъди таҳқиқоти зиёд ба хулосае омадаанд, ки бастани даст дар намоз, эҳсоси дардро ба чанд маротиб кам мекардааст.
Муҳаққиқон дар доираи ин пажӯҳиш дар вақти намозгузории занону мардон дар ҳолати дастони боз ва овезон ва дар ҳолати дастони баста ба онҳо таъсир расонидаанд ва мағзи сари онҳоро аккосӣ намудааанд. Наворҳо нишон додаанд, ки дар ҳолати бастани даст (қиём), ҳар ду нимдоираи мағзи сари инсон фаъол гардида, дар натиҷа эҳсоси дардфаҳмии инсонро коҳиш медодааст.
Аммо мутобиқ ба ин таҳқиқот дар занони дастҳояшонро дар қиёми намоз баста эҳсоси дард нисбати мардон бештар пойин мерафтааст. Эҳтимол ин аз он бошад, ки занҳо дар намоз дастҳояшонро нисбати мардон зичтару маҳкамтар ва болотар мебанданд.
Дар таърихи Ислом ҳолате дарҷ гардидааст, ки дар вақти намозгузории яке аз саҳобагони Паёмбари Ислом (с) бар танаш беш аз 10 тир мезананд, аммо бино ба гуфтаи ин саҳоба ҳатто дардро эҳсос накарда будааст.