Гуфта мешавад, дар ин чорабинӣ раиси ноҳияи Файзобод Абдулло Ҳакимов, муовини ӯ Сайбӣ Раҷабова, инчунин муаллимон ва донишҷӯён иштирок намуданд: «Ҳукумати маҳаллии Файзобод утоқеро дар маркази нави ҷавонон ба китобхонаи хурд табдил доданд ва Сафорат чор компюер, мизҳо барои компютер ва инчунин маводҳо ба забони англисӣ ва дастуру адабиёт дар бораи ҳаёт дар Амрико ва барномаҳое, ки аз ҷониби ҳукумати Амрико маблағгузорӣ мешаванд, тақдим намуд. Ихтиёриён аз гӯшаи Амрикои шаҳри Душанбе дар ҳамроҳӣ бо муаллимони забони англисии амрикоӣ, ки аз тарафи Сафорат дастгирӣ шудаанд, ба ин Равзана ба Амрико ташриф оварда, ба муаллимон ва донишҷуён онро муаррифӣ намуданд».
Весли Робертсон аснои суханронӣ гуфт, мо умедворем, ки нафарони зиёд ба ин «Равзана» ташриф оварда, барои сохтмони пули ҳамдигарфаҳмӣ мусоидат хоҳанд кард. Мо дӯстӣ ва ҳамкории шуморо қадрдонӣ мекунем ва мунтазири боз чандин ташрифот ҳастем.