Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» вакили мудофеи Тӯраҷонзодаҳо Бузургмеҳр Ёров иттилоъ дод. Вай аз ҷумла гуфт: «Соати 15 мурофиа оғоз шуд ва райисикунанда пешакӣ огоҳ кард, ки имрӯз бо сабаби он ки ба тарафҳо мӯҳлати 10 рӯза оид ба созиш дода шуда буд, мурофиаи пурра оғоз намешавад. Баъдан, додгоҳ аз Саидмукаррам Абдулқодирзода пурсид, ки дар мӯҳлати 10 рӯз масъаларо чӣ гуна ҳал кардед. Саидмукаррам гуфт, ки шахсан ман барои бекор кардани қарори раёсати Шурои уламо ризо ҳастам, вале мутассифона, ҳарчанд, ки дигар аъзои Шӯрои уламоро занг задам ва оиди ин масъала пурсидам, онҳо розигӣ надоданд. Аз ин нигоҳ ман худам танҳо бе иҷозати Шӯрои уламо имкони бекор кардани қарорро надорам.
Дар ҷараёни мурофиа райиси Шӯрои уламо дархост пешниҳод кардааст, ки истеҳсолоти парванда қатъ карда шавад. Ба боварии онҳо гап дар бораи ҷиноят намерафтааст ва вақту соату дигар ҳолатҳои он муайян набудааст.
Тафсилоти бештарро аз ин ҷо пайдо мекунед: https://ozodagon.tj/g/item/16167