«Истиқлол» ба Туркия меравад. Ва дар бозиҳои Ҷоми ФФТ иштирок намекунад
Қаҳрамони феълии футболи Тоҷикистон- дастаи «Истиқлол»марҳилаи омодагии худро ба бозиҳои имсола дар шаҳри Анталияи Туркия мегузаронад.
Бино ба навиштаи сомонаи ин тим (www. fc-istiklol.tj), айни замон даста омодагии худро дар шахри Душанбе оғоз кардааст ва ширкати он дар бозиҳои ҷоми Федератсия, чун тайёрӣ ба мавсими нав дар нақша тарҳрезӣ нашудааст. Даста марҳилаи омодагиро давоми ду ҳафта дар Туркия гузаронида, бо якчанд дастаҳои бурунмарзӣ бозиҳои дӯстона доир хоҳад кард. Аз ин рӯ “Истиқлол” дар аввалин мусобиқаи зимистонаи футболбозон барои ҷоми Федератсияи футбол ширкат намеварзад.
Бозиҳо барои Ҷоми Федератсия рӯзи 12 феврал оғоз гардида, дар ду марҳила- минтақавӣ ва ниҳоӣ гузаронида мешаванд. Дар марказ дастаҳои “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, ССКА “Помир”-и Душанбе, “Энергетик”-и Душанбе, “Шодмон”-и Ҳисор, “Гвардия”-и Душанбе ва “Локомотив”-и Душанбе дар варзишгоҳи "Автомобилист"-и пойтахт вориди рақобат мешаванд.