Бино ба иттилои хабаргузории «Reuters», дар се ҳафтаи ахир зиёда аз 10 киштии ҳомили ғала ба далели пардохт нашудани пули коло ба соҳибонашон ва дарёфт накардани дастур барои холӣ намудани маҳсулот берун аз бандари «Хоманаӣ» қарор доранд. Ин расона ҳамчунин меафзояд, ки рӯзи чоршанбе ба панҷ киштӣ фармон дода шуд, то бандари Хоманаиро тарк намоянд.
Лозим ба ёдоварӣ аст, ки ба андешаи ғарбиён, ин таҳримҳо барои мубориза бо барномаҳои ҳастаии Эрон алайҳи ин кишвар ҷорӣ карда шудаанд.