Душанбе бе оби ошомиданӣ мемонанд… Муваққатан
Аз соати 8:00-и 7-уми феврал то соати 8:00-и 8-уми феврали соли равон дар бархе кӯчаҳои шаҳри Душанбе интиқоли оби ошомиданӣ муваққатан қатъ мегардад.
Дар ин бора ба «Озодагон» аз шаҳрдории пойтахт хабар доданд. Ба иттилои манбаъ қатъи оби ошомиданӣ ба таъмири асосии кӯчаи Дӯстии халқҳо (аз буриши кӯчаи Садриддини Айнӣ то ҳалқаи назди Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон») бастагӣ дорад. Дар ин мавзеъ корҳои таъмир, пайваст ва иваз намудани қубурҳои Ш-400 мм ба қубури Ш-600 мм ҷараён мегирад. Зимнан, интиқоли оби нӯшокӣ ба қисматҳои алоҳидаи маҳаллаҳои аҳолинишини ноҳияи Исмоили Сомонӣ: кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, Беҳзод, М. Қурбонов ва бинои Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Комбинати хӯроквории Тоҷикистон», ноҳияи Шоҳмансур: маҳаллаҳои Бадахшон 1, 2 ва кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А. Адҳамов, Репина, Беҳзод, А. Дониш қатъ мегардад.
Ба иттилои манбаъ Мири шаҳри Душанбе бо як қароре раисони ноҳияҳои Исмоили Сомониву Шоҳмансур ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе»-ро муваззаф кардааст, ки дар давраи иҷрои корҳои банақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони маҳаллаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд. Ҳамчунин маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат карор диҳад.