Хонум Сера Пенҳюн, маъмури сафорати ИМА дар Душанбе дар маросими такдими ёрии башардустона, ки бо арзиши зиёда аз 2 миллион доллар аз тарафи ширкати амрикоии Ели Лилли (Eli Lilly ва аз ҷониби Департаменти Давлатии ИМА ва лоиҳаи ҲОУП барои мардуми Тоҷикистон дастрас гардидааст, ширкат варзид.
Маросим дар маркази эндокринологии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Ин хайрия, ки аз 26 800 шишачаи инсулин иборат аст, ройгон ба мардуми Тоҷикистон тақдим карда мешавад. Лоиҳаи ҲОУП ва Вазорати тандурустии Ҷумхурии Точикистон ин лавозимоти тиббиро ба дигар марказҳои эндокринологӣ дар сар то сари Точикистон таҳвил менамояд.
Маврид ба ёдоварист, лоиҳаи ҲОУП ба Тоҷикистон маводу таҷҳизоти тиббиро ба маблағи умумии 302 миллион доллари амрикоӣ таъмин намудааст. Аз соли 1992 инҷониб мардуми Амрико тавассути барномаҳо ва ёрии башардӯстона ҷихати кӯмак ба ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодӣ дар Тоҷикистон маблағи беш аз 984 миллион доллари амрикоӣ таъмин намудааст.