Манбаъ афзуд, Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе мутобиқ ба талаботи Ташкилоти байналхалқии ҳавопаймоӣ (ИКАО) омода аст, ҳавопаймоҳои хурду калонҳаҷмро қабулу гусел карда, ба онҳо хизмат расонад: « ФБД бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба ҳавопаймоҳо ва мусофирон соли 2011 як қатор техникаи нав, аз ҷумла мошину механизмҳои борбардору борфарор (контейнерҳо), таҷҳизоти ба ҳавопаймоҳо барқдиҳанда, автозинаҳо, мошинҳои махсуси аз барфу ях тоза кардани ҳавопаймоҳо, мошинҳои ассенизаторӣ, мошинҳои бо об таъминкунии ҳавопаймоҳо, автобус, ядакҳои пуриқтидори ҳавопаймокаш, микроавтобусҳо, мошинҳои борбардор, мошинҳои барфрўби хатти парвозу фурудоӣ ва роҳравҳои зимомӣ ва ғайра харидорӣ карда буд».
-Ибтидои соли ҷорӣ низ ба фурудгоҳ як қатор техникаи нави хизматрасонии рўизаминӣ, аз ҷумла мошини сўхторнишонии замонавӣ, автозинаҳо, таҷҳизоти ба ҳавопаймоҳо барқдиҳанда, тракторҳои тамғаи «Белорус» бо ядакҳо ва ғайра ворид гардиданд,-гуфт Шодиев.