Зимнан, дирӯз ба беморхонаи маркази равоншиносии вилоят аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ба табобатгирандагони беморхона маводи хӯрока аз қабили орд, тухм, гӯшт, биринҷ ва дигар маҳсулоти ғизоӣ кӯмак расонида шуд. Кормандони беморхонаи маркази равоншиносии вилоят аз дастгирии роҳбарияти ҳукумати вилоят арзи сипос намуданд.
Бояд қайд, ки ҳоло ба 84 нафар беморони руҳӣ 7 нафар табибони рӯҳшинос хизмат мерасонанд. Беморхона барои табобати 100 нафар беморон мутобиқ гардонида шудааст.