Дар Тоҷикистон шурӯъ аз моҳи январи соли 2012 лоиҳаи SCOOP ба кори худ оғоз кард.
Мақсади асосии ин тарҳ кӯмак ва ёрӣ ба журналистони тадқиқотчӣ аст. Гуфта мешавад, ҳар як журналист метавонад, лоиҳаи худро барои тадқиқоти журналистӣ ба SCOOP пешниҳод кунад. Барои маълумоти бештар ҳамкасбони мо метавонанд аз ин сомона:
www.i-scoop.org истифода намоянд.
Маврид ба ёдоварист, журналистони тадқиқотчӣ имкон доранд, лоиҳаи худро ба забонҳои тоҷикӣ/русӣ/англисӣ ба ҳамоҳангсози миллӣ дар Тоҷикистон – Муҳайё Нозимова
muhaiyo-nozimova@mail.ru (телефонҳои 98 888 5218 ё 93 555 5885) ва ё ба ҳамоҳангсози минтақавӣ дар Осиёи Миёна – Ota Tiefenböck ota@tiefenboeck.dk равон кунанд.
Мӯҳлати охирини қабули лоиҳаҳо 1 марти соли 2012.