Яману Сурия ва Либиёву Гурҷистон
Қарор аст, намоиши эътирозии навбатӣ дар Гурҷистон 25-уми майи соли равон доир гардад. Ташаббускорони эътирозҳои "Рӯзи хашм"-ҳаракати мухолифи ҳамоиши мардумӣ бо даъвои истеъфои раиси ҷумҳур-Михаил Саакашвили баромад намуда, гуфтаанд, ки ба рафти баргузории паради ҳарбӣ ба муносибати истиқлоли Гурҷистон дахолат хоҳанд намуд. Аммо, ба маълумоти расмии Гурҷистон намояндагони мухолифин танҳо то рўзи чаҳоршанбе ҳуқуқи бо нишони эътироз баромад карданро доранд.
Нино Бурҷонадзе, яке аз мухолифини Гурҷистон гуфтааст, инқилоб акнун шурўъ шуда ва масъулини ҳукумат бо амалҳои ғайриқонунии худ мавҷи эътирозҳоро ба вуҷуд овардаанд.
Ҳамоиши эътирозҳо бо талаби истеъфои раҳбарони худкома ва талоши аз байн бурдани давлатдории хонаводагӣ ба як раванде табдил ёфта, ки бо навбат дунболагири президентҳо шудааст. Маврид ба зикр аст, дар давлатҳои Миср, Яман ва Сурияву Либӣ сабаби аслии баргузор намудани ҳамоиши эътирозӣ ин худкомагӣ ва паст гардидани сатҳи иҷтимоиву иқтисодии кишварҳо будааст.
Аммо, ба назари коршиносон дар бархе аз давлатҳо дар пайи эътирозҳои мардумӣ хориҷиҳо буда, барои мисол вазъи иҷтимоиву иқтисодии мардуми Либӣ дар қиёс бо бархе аз давлатҳои ғарбӣ хеле беҳтар будааст.
Таҳлилгарон бар ин боваранд, ки абарқудратҳо аз эътирозҳои мардумии давлатҳои исломӣ манфиат дошта, кишварҳои рў ба рушд аз чунин бенизомиҳо эмин нахоҳанд буд.
Бояд тазаккур дод, ҷунбишҳои мардумии кишварҳои араб, ки бо сарнагун кардани ҳукумат анҷом ёфт, таҳлилгарон ва масъулини тоҷикро нигарон намуд. Зимнан, таҳлилгарони тоҷик бар ин назар буданд, ки ҳаводиси кишварҳои араб ҳушдорест барои тамоми давлатҳои худкома ва Тоҷикистон низ аз он эмин нест. Дар ин робита масъулини ҳукумати Тоҷикистон зимни баромади худ мегуфтанд, ки маавҷи эътирозҳои мардумӣ то ба Душанбе нахоҳад расид. Зеро, ҳукумати кишвар барои беҳтар кардани вазъи иҷтимоии мардум барномаҳои мушахас рўи даст дорад.
Сӯҳроб Шарипов, раҳбари маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон (МТС) бар ин назар аст, ки ҷамъият ва давлати Тоҷикистон устувор буда, хориҷиҳо низ имкони роҳандозӣ намудани инқилобро дар кишвар надоранд. Ба бовари Сўҳроб Шарипов, тамоми сару садо, ки гўиё ин мавҷи эътирозҳо то ба Тоҷикистон роҳ меёбанд иштибоҳ буда, шаҳрвандони кишвар ҳавасманди инқилоб нестанд.
-Ба ҳар сурат давлатдорони тоҷик ҳушёрии сиёсиро бояд аз даст надиҳанд ва барои нигоҳ доштани сулҳу субботи мавҷуда талош варзанд. Дуруст аст, ки системаи сиёсии Тоҷикистон мушкил аст ва ба таври лозима рушд наёфтааст, аммо ин маънои онро надорад, ки Тоҷикистон як кишвари маҳдудшуда бошад. Демократҳои ғарбӣ пайваста аз озодии баёну мазҳабии шаҳрвандони Осиёи Марказӣ (ОМ) нигаронӣ мекунанд, аммо бояд гуфт, ки ҳар як давлат системаи хоси худро дорад. Дар Тоҷикистон низ озодии баёну виҷдон вуҷуд дорад, ки чунин фазо дар дигар кишварҳои ОМ ба назар намерасад. Чеҳраву гурўҳҳои сиёсии Тоҷикистон муқобили ҳукумат нестанд. Ҳар як чеҳраву ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аз дидгоҳи худ сиёсати кишварро дар минтақаву ҷаҳон муаррифӣ ва ҳимоя мекунанд. Барои мисол андеша ва манфиатҳои исломиро ҲНИ ва арзишҳои комунистиро ҲКТ дунболагир аст. Аз ин хотир ҷунбишҳои мардумӣ ба хотири инқилоб дар Тоҷикистон заминаи воқеӣ надошта, бовар нокарданист мегўяд, Сўҳроб Шарипов.
Дар робита ба ҳамин мавзуъ Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари масоили сиёсӣ бар ин назар аст, ки агар дар кадом як давлат заминаи ҷиддӣ барои инқилоб вуҷуд надошта бошад, ҳеч нафаре оташи онро афрохта наметавонад. Аз берун ҳамон вақт чеҳраҳо ва гурўҳҳои алоҳида метавонанд кореро анҷом бидиҳанд, ки агар дар дохили кишвар мардум норозӣ бошад. Вазъи дохилии кишвар аз сиёсати оқилона вобаста буда метавонад. Агар давлатдорон раванди ҳаводиси ҷаҳониро дарк намуда, дуруст мавриди баррасӣ қарор бигиранд, метавонанд лаҷомро ба дасти худ бигиранд. Ин кор аз нухбагон вобаста аст. Рашид Ғанӣ Абдулло бар ин назар аст, ки агар нухбагони ҳукуматӣ қодир бароянд, идора кардани вазъи давлат он қадар мушкил нахоҳад буд.
Фақр ва камбизоатӣ роҳро ба сӯи инқилоб ҳамвор мекунанд
Ба бовари таҳлилгари тоҷик камбизоатӣ заминаи асосии ҳамаи инқилобҳо нест. Мардумро ба кўчаҳо огоҳӣ мебарорад. Онҳо аз чизе ба хурўш меоянд, на аз гуруснагиашон. Бубинед, дар замони шўравӣ эътирози мардум на аз вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, балки аз чизи дигар буд. Мардуми шўравиро баъзе маҳдудиятҳо ба эътироз водор намуд. Барои мисол, дар кишвари Либӣ сатҳи зиндагӣ хеле хуб буд.
-Аксари мардуми ба хиёбон баромада миёнаҳол буданд. Онҳоро вазъи иҷтимои барои истеъфои ҳукумат водор накард. Ин мардуми огоҳе буданд, ки хостори сари қудрат омадани чеҳраи нав шуданд. Ин як падидаи табиист. Муаммар Қаззофӣ тавонист шаҳрвандони худро аз вазъи ҷаҳон огоҳ намояд. Онҳо ба сатҳе расиданд, ки шарофати худро пайдо намуданд. Дар натиҷа сокинони Либи барои боз ҳам озодтар будан талаби табдили ҳукумат карданд. Яъне, ин маънои онро дорад, ки то вақте кишвар омодаи инқилоб набошад, нерўҳои беруна ба тариқи бозиҳои пасипардагӣ коре карда наметавонанд, иброз дошт Рашид Ғанӣ Абдулло.
Коршинос Қосими Бекмуҳаммад, дар тақвияти ин суҳанҳо мегўяд, ки албатта сатҳи пасти иқтисодӣ иллати аслии ба хиёбон баромадани мардум буда наметавонад. Аммо, ин маънои онро надорад, ки мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ дар бархе аз давлатҳо сабаби аслии сарнагун шудан набошад.
-Мо худ шоҳиди он гаштем, ки мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ бо дигар мушкилот омехта гардида, нерўи бузурги эътирозиро ба вуҷуд овард, ки дар натиҷа натанҳо як ҳукумат, балки сиёсати ҷаҳониро ба ҳаракат даровард. Ин эътирозҳо Амрикоро водор намуд, то ба хотири ҳифзи сиёсати ҷаҳонии худ вориди муомила гардад. Хабари аслии эътирозҳои мардумӣ қабл аз ҳама мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ буд, назар ба он, ки онро ба шахсиятҳои сиёсӣ рабт диҳем, илова намуд Қосими Бекмуҳаммад.
Агар, мо-тоҷикон амиқтар ба таҳавулоти сиёсии ҷаҳон бингарем, шоҳиди он хоҳем буд, ки нақши ҷаҳони ғарб, ба хусус Амрико дар ин ҳаводис хеле барҷаста аст. Аммо, барои субботи миллӣ давлатдорони тоҷик бояд андеша бикунанд, то бо гурўҳҳои мухталиф вориди музокира шуда, дурнамои рўшантареро бо иқдоми амалии худ ҳамроҳи мардум танзим бикунанд. Қосими Бекмуҳаммад баъид медонад, ки Амрико ва ё абарқудрати дигаре тарҳҳои вижаеро барои ба вуҷуд овардани инқилоб дар Тоҷикистон рўйи даст дошта бошанд. Баъзан Русия Тоҷикистонро ҳушдор медиҳад.
Баъзе аз абарқудартҳо метавонанд барои бароварда сохтани хоставу манфиатҳои худ аз норозигии мардум истифода бубаранд. Аз ин хотир, масъулини ҳукумати Тоҷикистон бояд хеле оқилона тасмим бигиранд, то дар натиҷа худ барномаҳои хориҷиёнро амалӣ насохта, низоми бадттарро интихоб нанамоянд, мегўяд Қосими Бекмуҳаммад.
Сўҳроб Шарипов, раҳбари МТС мегўяд, ки гурўҳҳои сиёсиву мардуми оддии кишвар хоҳони инқилоб набуда, тарзи зисти осоиштаро интихоб мекунанд.
-Миллати тоҷик аз ҷанги ваҳшиёнаи шаҳрвандӣ хисороти зиёде дидааст. Он замон ҳам машварати хориҷиҳо дар мади назар буд. Аз ин хотир, моро зарур аст, то тамоми пешниҳод ва машваратҳои хориҷиёнро бо дарназардошти манфиатҳои миллӣ такмил дода, роҳандозӣ намоем. Танҳо бо ҳамин восита мо метавонем системаи давлатдории тоҷикро мустаҳкам намоем, мегўяд Сўҳроб Шарипов.
-Ман намегўям, ки Тоҷикистон бидуни мушкилот аст. Мушкилоти зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ вуҷуд дорад, ки масъулини ҳукумат онро ошкоро бо мардум матраҳ мекунанд. Раиси ҷумҳурӣ дар се ва ё чор паёми охирини худ ҳамеша аз мушкилот ва мавҷудияти фасод дар ҷомеа нигаронӣ мекунад. Ин маънои онро дорад, ки мардуми тоҷик дар ҷараён аст. Тоҷикистон барои расидан ба аҳдофи аслии худ-ба роҳ мондани низоми беҳтарини давлатдорӣ гом мегузорад.
Рашид Ғанӣ Абдулло, таҳлилгари масоили сиёсӣ мегўяд, ки агар масъулин сиёсати муносибро бо дарназардошти тамоюли рушди асосӣ тарҳрезӣ карда натавонанд, эҳтимол вуҷуд дорад, ки дар он сурат аз суббот марҳум шаванд.
Ба бовари таҳлилгари тоҷик дар кишвар ду насл ба сар мебаранд: насли ором ва насли нав.
-Афроде, ки шоҳиди ҷанги шаҳрвандӣ буданд, ба ҳеч ваҷҳ хостори баргардонидани он рўзҳо намешаванд. Онҳо бесарусомониҳои солҳои 90-умро фаромўш накардаанд. Аммо, пас аз 5 ва ё 10 сол аксари мардуми тоҷикро нафароне ташкил хоҳанд дод, ки тафаккур ва дидгоҳи дигар доранд. Онҳо насли нав-насли баъд аз замони истиқлол мебошанд. Таҷрибаву ёдовариҳо аз солҳои 90-уми садаи гузашта, барои ин афрод мисли таърихи аттиқа хоҳад буд. Манфиатхоҳиву арзишҳо барои ин насл дигар мешавад, онҳо метавонанд ба осонӣ эътироз намоянд.
Рашид Ғанӣ Абдулло дар идома мегўяд, ки танҳо аз нухбагон ва ҳокимони феълӣ вобаста аст то тавонанд насли навро бо хоставу манфиатҳо таъмин намоянд. Дар ҳар давру замон чунин буд ва мемонад. Ҳукумат бояд ҳамеша ҳамқадами насли ҷавон бошад. Зеро, манфиатҳои онҳо аз гузашта фарқ мекунанд. Ба сифати далел таҳлилгари тоҷик боз ҳам аз эътирозгарони кишварҳои араб мисол оварда, мегўяд, ки аксари тазоҳургаронро афроди синни 15 ва 30 сола ташкил медоданд. Яъне, насле, ки барои зиндаги ва давлатдорӣ назари дигар доранд.
Дар олами сиёсати ҷаҳонӣ фарзияҳои гуногун дар мавриди эътирози мардуми ин ё он давлат вуҷуд дорад. Тибқи яке аз он фарзияҳо тазоҳуроту инқилоб дар кишварҳои камбизоат ва рў ба рушд аз ҷониби абарқудратҳо ба хотири бархурду устувор намудани мавқеашон метавонад сар бизанад.
Аммо, Рашид Ғанӣ Абдулло ин фарзияро дар баробари Тоҷикистон ғайриимкон мешуморад. Бархурди абарқудартҳо дар давлатҳое мешаванд, ки онҳо аз лиҳози сиёсӣ хеле муҳим бошанд: барои мисол пойгоҳи қавӣ, нафту газ дошта бошанд. Тавре барои ҳама маълум аст Тоҷикистон аз ин дору гирҳо фориғ аст. Феълан таносуби манфиатҳои абарқудратҳо дар Тоҷикистон халалдор нашудааст. Ба хотири нигоҳ доштани сулҳу суббот масъулини тоҷикро зарур аст, то барои тағйир наёфтани таносуби манфиатҳои давлатҳои абарқудрат кўшиш намоянд, андеша дорад Рашид Ғанӣ Абдулло.
«Эътимод» ва нотавонии мухолифин
Бояд тазаккур дод, новобаста аз ин гуфтаҳои коршиносон дар ин ё он маврид мухолифини ҳукумати Тоҷикистон аз худ дарак медиҳанд. Тақрибан 2 моҳ қабл ҷунбише дар ҳориҷ аз кишвар бо номи "Эътимод" тариқи расонаҳои хабарӣ аз худ дарак дода, эълон дошт, ки дар фурсати наздик вориди Тоҷикистон гардида, тазоҳуротеро ба вуҷуд меорад. Ин падидаро ҳукумат ва таҳлилгарони тоҷик хеле оромона қабул карданд ва шарҳ низ надоданд.
Ба андешаи бархе соҳибназарон дар Тоҷикистон чеҳраҳо ё гурўҳҳои сиёсие вуҷуд надоранд, ки хориҷиён барои бароварда сохтани хостаҳояшон ба онҳо эътимод ва такя кунанд. Дар ҳамин маврид Қосими Бекмуҳаммад мегўяд, ки дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон гурўҳе вуҷуд надорад, ки дунболи роҳандозии инқилоб бошад, ба хусус бо ёрии хориҷиҳо. Сўҳроб Шарипов, раҳбари МТС дар ин маврид назари хешро чунин иброз дошт: -Аслан ба чунин тавонмандӣ доштани нерўҳои мухолиф шубҳа дорам. Фикр намекунам, ки хориҷ аз кишвар тоҷикҳо дорои нерўи қавӣ бошанд. Барои пиёда сохтани тарҳҳои сиёсӣ, ба хиёбон баровардани мардум тарафдорон ва маблағи зиёде лозим аст. Аз ин хотир ман бар ин назарам, ки на дар хориҷ ва на дар дохили Тоҷикистон гурўҳе вуҷуд дошта бошад, то дар қиболи режифи феълӣ қувваозмоӣ намояд. Ба бовари Сўҳроб Шарипов то ба имрўз ҳукумати Тоҷикистон гурўҳ ва ҷунбиши сиёсии ҷиддие бар муқобили худро мушоҳида накардааст.
Аз андешаҳои коршиносони тоҷик чунин бардошти мантиқӣ ҳосил мегардад, ки дар Тоҷикистон агар абарқудрате нияти ба роҳ андохтани инқилобро дошта бошад ҳам аз миёни шахсиятҳо ва аҳзоби сиёсӣ такягоҳе пайдо намекунад.{jathumbnail off}
Ҳумайрои Бахтиёр