Дар ноҳияи Шӯроободи вилояти Хатлон 35 русто ҳанӯз ҳам бо хати барқӣ таъмин набудаанд.
Дар ин бора Амирхон Икромов, райиси ноҳияи мазкур ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод. Ба гуфтаи ӯ, дар ин русто аҳолии кам ба сар мебаранд ва сокиноне будаанд, ки тайи 20-25 соли ахир аз дигар деҳот ба мавзеи бобоӣ кӯч баставу хоҳиши обод намудани минтақаҳои нообод кардаанд. Ҳукумати маҳаллӣ бо иллати набуди маблағ қудрати сохтмони хатҳои барқиро дар ин рустои дурдаст надорад ва аҳолӣ низ қодир нест, ки аз ҳисоби шахсиашон симчӯбу ноқилу сими барқӣ харидорӣ намояд.
Райис меафзояд, соли 2011-ум ҳукумати маҳаллӣ тавонист барои 13 рустои бебарқмонда хати барқӣ кашад: «Кӯшиши он дорем, ки бо қадри тавоноӣ барои боқӣ деҳаҳои бебарқмонда, оҳиста-оҳиста хати барқӣ кашем».