-Ин аз бемасъулиятиву иҷро накардани ўҳдадориҳои баъзе аз роҳбарони сардорони раёсату шўъбаҳои корҳои дохилӣ аст,-гуфт Рамазон Раҳимов.
Ҳамзамон, дар нишаст бахши шиносномадиҳӣ ва ба қайдгирӣ низ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, чанд нафар аз кормандони хадамоти мазкур ба ҷавобгарии интизомӣ ҷалб карда шуданд. Аз ҷумла, Меҳрубон Бозоров, капитани милитсия, сардори шӯъбаи шиносномадиҳӣ ва ба қайдгирии ШКД шаҳри Турсунзода барои бо роҳи сохтакорӣ ба шаҳрвандон хориҷӣ шиносномаи қалбакӣ додан, кормандони шўъбаи шиносномадиҳии раводидии шаҳри Кўлоб Демпанаева Гулсара ва Давлатов Панҷшанбе барои ҳамин гуна қонуншиканӣ аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуданд.
Инчунин бозраси калони гурўҳи ба қайдгириву имтиҳонитии бахши бозрасии давлатии автомобилӣ подполковники милитсия Умаралӣ Шаропов барои сохтакорӣ ва ғайриқонунӣ ба ноболиғ додани иҷозатномаи дараҷаи ронандагии мусофиркашонӣ аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шуд.
Маврид ба ёдоварист, бисёре аз ин ҷиноятҳое, ки дар ин ҷаласа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд, бе восита бо ёриву маълумоти саривақт пешниҳод намудаи шаҳрвандон ошкор карда шудаанд, ки Вазорати корҳои дохилӣ ба онҳо барои ҳамкорияшон изҳори сипос менамояд.
Зикр гардид, ки дар Вазорати корҳои дохилӣ телефони боварӣ бо рақамҳои 221-21-21 ба таври шабонарўзӣ фаъолият менамояд, ҳар нафар метавонад, ошкоро ва ё ба таври махфӣ доир ба содиршавии ҳамагуна қонуншиканиву ҷиноятҳо хабар диҳад, ки ҳангоми тасдиқи хабарҳои мазкур ин шаҳрванд барои саҳм гузоштан дар пешгирӣ ва коҳишёбии ҷинояткорӣ мукофотонида мешавад.