Дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» боз як корхонаи дигар ба фаъолият оғоз мекунад
Намояндагони Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» аз ҷараёни корҳои сохтмонии коргоҳи «Равзана Пластик» дидан карданд.
Корхонаи мазкур, ки аз аввалин ширкатҳои истеҳсолкунандаи профилҳо барои сохтани дару тирезаҳои пластикӣ дар Тоҷикистон мебошад, қарор аст, моҳи апрели соли равон ба фаъолият оғоз кунад. Ин корхона бо дастгирии сармоягузорони хориҷӣ бунёд шуда, бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидааст. «Равзана Пластик» дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» тирамоҳи соли гузашта ба қайд гирифта шуда, сохтмони нави сехи истеҳсолиро дар муддати шаш моҳ ба анҷом расонид. Алҳол корҳои батанзимдарории таҷҳизоти техникӣ шурӯъ гардидааст.