28 корхонаи арматурбарорӣ дар Тоҷикистон фаъолият доранд
Панҷ корхонаи арматурабарорӣ дар Тоҷикистон ба фаъолият шурӯъ кард.
Тавре ба «Озодагон» аз вазорати энергетика ва саноат иттилоъ доданд, аз ҷумла 3-то дар вилояти Хатлон ва яктогӣ дар ноҳияҳои Ваҳдат ва Рӯдакӣ мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд. Гуфтанист, асосан аз порчаҳои оҳан ва партовҳои металҳои сиёҳ, маҳсулотҳои металӣ ба монанди арматураи сохтмонии ғафсиашон гуногун, симҳо ва кунҷакҳои металиро истеҳсол карда ба бозори дохилӣ ва хориҷӣ пешкаш намуда истодаанд. Феълан, ин корхонаҳо бо фанноварии ҷадид ва хатҳои технологии ҳозиразамон ҷињозонида шуда, коркарди метал оғоз гардидааст. Аз рӯи маълумоти вазорат, тайи 4 моҳи ахири соли равон 28 корхонаи арматурбарории Тоҷикистон ба маблағи 6,5 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 2,2 миллион сомонӣ зиёд аст.