Олмон- мухолифи харидории нафти Эрон
Ҷумҳурии федеролии Олмон мехоҳад, ки Чин аз харидорӣ намудани нафти хоми Эрон даст бикашад.
Ин ҳарфҳоро бону Ангела Меркел, канслери Олмон тайи сафари худ ба ҷумҳурии мардумии Чин рӯзи чоршанбе дар ҳузури хабарнигорон иброз доштааст. Ба қавли ӯ, ҳар чӣ қадар ҳукумати Чин ҳаҷми воридоти нафти хоми худро аз Эрон коҳиш бидиҳад, ба нафъи кишвараш хоҳад буд.
Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст, то ба таҳрими нафти Эрон аз тирамоҳ шурӯъ кунад, вале раҳбарони ИА ва Амрико аз Чин хостаанд, ки ё ба сафи таҳримкунандагон дохил шавад, ё пас аз иҷрои таҳрими Аврупо ҳаҷми харидории нафти худро аз Эрон афзоиш надиҳад.
Дар ҳамин ҳол, натоиҷи як назарсанҷӣ ва таҳлил нишон медиҳад, ки воридоти нафти Чин ва Кореяи Ҷанубӣ аз Эрон дар соли гузашта рӯ ба афзоиш овардааст.