Мансабдорони фархорӣ теъдоди бекорони ноҳияро намедонанд
Соли 2011-ум дар ноҳияи Фархор 657 нафар бекорон дар шӯъбаи шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии ноҳия расман ба қайд гирифта шудаанд.
Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилои Ҳасан Бобоев, сардори шӯъбаи шуғли аҳолии ноҳияи Фархор, аз 142 ҳазор сокинони ноҳия беш аз 45 ҳазорашон аҳолии қобили меҳнат будаанд, ки усулан дар деҳот ба сар мебаранд. Аммо масъулини ҳукумати ноҳия то ҳанӯз намедонанд, ки чанд тан аз сокинон бе ҷойи кор будаанд.
-Моҳи январи имсол барои ба ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ 182 хоҷагии нави деҳқонӣ созмон дода шуд. Соли гузашта 418 нафар, аз ҷумла 216 зан дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ба кор фарогир гаштанд. Вале шумораи дақиқи бекорон расман ба қайд гирифта нашудааст,- мегӯяд ҷаноби Бобоев.
Дар ҳамин ҳол, муовини аввали райиси ноҳия шумораи бекоронро 22400 нафар унвон кард. Ба шаҳодати ӯ, айни замон наздик ба 10 ҳазор нафар аз сокинони ноҳия дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз ҷумҳурӣ будаанд.