Ян Кубиш боз ба Тоҷикистон меояд. Ин дафъа ба ҳайси меҳмон
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Шарофиддин Имомов бо фиристодаи вижаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, раҳбари Дафтари СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон Ян Кубиш дар Кобул мулоқот кард.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз ВКХ иттилоъ доданд, дипломатии тоҷик ҷаноби Кубишро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти пурмасъулияти дипломатиаш ба ҳайси намояндаи махсуси Дабири кулли СММ ва Сардори Дафтари СММ оид ба мусоидат ба Афғонистон табрик гуфта, амалӣ шудани марому мақсадҳои ба таъмини сулҳу субот ва барқарорсозии Афғонистон нигаронидашударо таманно намуд. Дипломати тоҷик бо таъкиди нақши марказии СММ дар таъмини тадриҷии раванди сулҳ ва бозсозии Афғонистон, сатҳи баланди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории босамари Тоҷикистон ва Афғонистонро дастоварди арзишманди ду кишвар ва намунаи ҳамкории минтақавӣ арзёбӣ кард. Дар ин росто, ӯ бунёди 5 пул, хатти 220-киловолтаи барқ миёни ду кишвар ва барномаҳои дигарро зикр сохт.
Зимнан, Ян Кубиш тазаккур дод, ки иҷрои ин вазифа барояш ошно ҳаст, зеро дар давоми фаъолияти тӯлонии дипломатиаш дар ҳалли бисёр масъалаҳои муҳиме, ки ба Афғонистон марбут мебошанд, иштирок кардааст. Ӯ иброз дошт, ки мақсад дорад, то дар иҷрои ин вазифаи бисёр масъулиятнок ва ниҳоят мушкил талоши пайгир ва ҷиддӣ намояд.
Манбаъ афзуд, сафири Тоҷикистон дар бораи ҳадафу вазифа ва барномаи Панҷумин Конфронси ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ оид ба Афғонистон (RECCA V), ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон 26-27 марти соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, маълумот дода, нақши СММ ва муассисаҳои онро дар татбиқи лоиҳаҳое, ки дар ин чорабинӣ пешниҳод ва мавриди муҳокима қарор мегиранд, махсус таъкид намуд.
Дар анҷом Сафири Тоҷикистон даъватномаи муштараки Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамрохон Зарифӣ ва Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Залмай Расулро барои иштирок дар Конфронси RECCA-V ба Ян Кубиш супурда, изҳори умедворӣ намуд, ки эшон дар ин ҳамоиши бузурги байналмилалӣ бо ҳузури меҳмонони зиёда аз 70 кишвари дунё ширкат хоҳанд дошт.