«Путинро бибӯс» ҷойиза гирифт. На дар Русия
Филми “Путинро бибӯс!” (“Потселуй Путина”), ки дар бораи Маша Дракова, яке аз собиқ сарварони ҳаракати пропутинии “Худиҳо” (“Наши”), ки имрӯз пушти девори мухолифин панаҳ мебарад, дар ҷашнвораи синамои ҳуҷҷатии “Сандэнс” ҷоизадор гашт.
Ин филм аз сӯи коргардонҳои Дания наворбардорӣ шудааст. Тавре яке аз коргардонҳои ин филм изҳор кардааст, таҳияи ин филм кӯшиши аз дохил нишон додани ҳаёти имрӯзаи насли ҷавони Русия ва ширкати онҳо дар равандҳои сиёсӣ будааст.
Филм дар бора рақобати ақидаҳо ва мухолифатҳои ҷавонон барои ширкат дар равандҳои сиёсии ҷомеа нақл мекунад.
Феълан, барои намойиши ин филм дар Русия муаллифони он барои дарёфти пуштибонии молӣ талош доштаанд.