Кормандони ҳифзи ҳуқуқ даст ба ҷиноят заданд. Мисолҳо зиёд аст
Бархе аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки худ масъули мубориза бо коррупсия мебошанд, ба содир намудани ҷиноятҳои коррупсионии вазнин ва махсусан вазнин боздошт шудаанд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия иттилоъ доданд, зимнан 57 ҷинояти характери коррупсионидошта аз ҷониби 43 нафар корманди Вазорати корхои дохилӣ, 18 ҷиноят аз ҷониби 13 нафар корманди Вазорати адлия, 12 ҷиноят аз ҷониби 10 нафар корманди Кумитаи андоз муайнян ва ошкор карда шуд.
Манбаъ афзуд, 14 ҷинояти дигар аз ҷониби 13 нафар хизматчии Вазорати мудофиа, 12 ҷиноят аз ҷониби 9 нафар корманди Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, 9 ҷиноят аз ҷониби 5 нафар кормандони мақомоти прокуратура, 6 ҷиноят аз ҷониби 3 нафар корманди мақомоти суди (Шўрои адлия), 5 ҷиноят аз ҷониби 5 нафар корманди Хадамоти гумрук, 2 ҷиноят аз ҷониби 3 нафар корманди Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ва 2 ҷиноят аз ҷониби 1 нафар корманди Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ошкор ва мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дода шудаанд.