Муборизаи шадиди Маскав бо ОМ. Сабабгор нос
Пулиси Маскав зимни санҷиши маълумот дар хусуси аз сӯи шаҳрвандони Осиёи Марказӣ дар истгоҳи Комсомолскии метрои Маскав ҳолатҳои зиёди фурӯши носро ошкор кардаанд.
Бино ба маълумоти Алексей Мишляев, сардори хадамоти матбуоти пулиси метрои Маскав нос миёни шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ фурӯхта мешудааст. Ҳарчанд истеъмоли нос аз рӯи қонун мамнӯъ нест, аммо ашхоси масъул дар ҳоли корӣ набояд онро истеъмол намояд. Бахусус, ронандагони микроавтобусҳои мусофирбар аз ин кор бояд худдорӣ намоянд, зеро нос низ дар таркибаш тамоку, ахлоти мурғ ва оҳак дорад ва метавонад одамро ба ҳолати сархушӣ биёрад, афзудааст манбаъ.
Ҳарчанд мардуми одатӣ аз зарар надоштани нос бисёр сухан мекунанд, духтури нарколог Виктор Хаников гуфтааст, таъсири нос аз сигор ба чанд маротиб баланд аст ва дар давраи аввали истеъмол сари одам чарх мезанад, оромиши форам меорад ва баъдан касро сархуш мекунад.
Шояд аз ҳамин ҷост, ки имрӯз нос аз сӯи ҷавонони рус низ мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтааст ва бо номи “насвой” ( аз ибори носӣ, носкаш) маъруф шудааст.