2011-05-04 09:16
Оташсӯзӣ дар бозори «Баракат» бойиси хисороти зиёди молӣ гардида, бархе аз соҳибкорон аз кулли маҳсулоту колои хеш маҳрум гаштанд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» як тоҷири ин фурӯшгоҳи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ иттилоъ дод, тахминан соати 15-у 20 дақиқаи баъд аз зӯҳри рӯзи 30-юми апрел сӯхтор ба амал омад. Бино ба қавли ӯ, дар ин бозор бештар молҳои ниёзи мардум, либоса ва ашёи рӯзғор ба фурӯш гузошта мешуд. Бархе аз соҳибкорон ин ҳодисаро оташсӯзӣ унвон кардаанд, ки гӯё нобуд кардани ин бозор ҳадафмандона сурат гирифтааст. Сардори шӯъбаи итилоотии Хадамоти оташнишонии ВКД Толиб Ҳаётов хабарро тайид карда гуфт, сабабҳои сар задани сӯхтор муддати 10 рӯзи наздик муайян карда мешавад.