Тӯҳфаи ВМ ба ғолибони олимпиадаи байнулмилалӣ
Вазорати маорифи Тоҷикистон хонандагонеро, ки дар олимпиадаи 8-уми байналхалқии Жаутикови шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон ғолиб баромаданд, қадрдонӣ намуд.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» Сиддиқ Муборак, сухангуйи ин вазорат иттилоъ дод, талабагони точик дар ин олимпиада аз фанҳои математика, физика ва технологияи информатсионию коммуникатсионӣ иштирок намуда, бо 13 медал баргаштанд. Дар ин озмуни бонуфуз 54 даста аз 18 кишвари Аврупо ва Осиё иштирок доштанд. Вобаста ба дастовардҳои хонандагони тоҷик Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маориф бо ғолибони озмун мулоқот намуд.
Зимни мулоқот Фарҳод Раҳимов ғолибияти хонандагони тоҷикро дастоварди муҳим дар оғози соли нави 2012 арзёбӣ кард. Дар иртибот мавсуф аз номи ҳайати мушовараи вазорати маориф ва Нуриддин Саидов вазири маорифи кишвар ба ғолибон, устодон ва падару модарони онҳо ва инчунин, роҳбарияти литсей-интернати муштараки тоҷикӣ-туркӣ, гимназия-интернати Тоҷикистону Русия «Ҳотам ва ПВ», литсей-интернати президентии шаҳри Душанбе, мактаби президентии шаҳри Чкалов ва литсейи хонандагони болаёқати ба номи Темур Собирови шаҳри Ваҳдат табрик намуда ва дар вазъияти тантанавӣ ба эшон тӯҳфаҳои пулию молии вазорати маорифи Тоҷикистонро тақдим намуд.
Фарҳод Раҳимов гуфт, пешниҳодҳои эшон ҷиҳати таъсис додани озмоишгоҳҳои илмҳои табиию риёзии ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ дар маркази шаҳрҳо, зиёд намудани соати дарсии фанни технологияи информатсионӣ ва дигар масъалаҳои марбут ба омода намудани хонандагон ба озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мавриди омӯзиш ва татбиқ қарор хоҳанд гирифт.