Умеди Давлатзод: Сармоягузорӣ ба минтақаҳои озод майли афзоиш дорад
Ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Тоҷикистон аллакай дар самти ҷалби сармоягузорӣ ва роҳандозии истеҳсолот натиҷаҳои мусбатро ба бор овардаст.
Умеди Давлатзод, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, дар минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» аллакай 18 субъект бо сармоягузории имконпазир дар ҳаҷми 52 миллион доллар ба қайд гирифта шудаанд:«Корхонаи истеҳсоли рангҳо, ки аз ашёи хоми маҳаллӣ истифода мебарад, дар назар аст аз охирҳои моҳи феврал содироти маҳсулоташро ба кишварҳои дигари минтақа ба роҳ монад. Инчунин имсол 5 субъекти дигар дар минтақаи «Суғд» истеҳсолотро оғоз карда, боқимонда дар паи таҳияи нақшаи истеҳсолот ва дарёфти қарз аз созмонҳои молиявии байналмилалӣ ва ғайра қарор доранд».
Ба гуфтаи Умеди Давлатзод дар минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» 5 субъект бо сармоягузории имконпазирашон дар ҳаҷми 19 миллион доллари амрикоӣ ба қайд гирифта шудаанд. Ба гуфтаи ӯ, дар минтақаи «Панҷ» бархилофи «Суғд» инфрасохтори аввалия мавҷуд нест ва он дар пуштаи холӣ таъсис ёфтааст:
«Бино ба ин мо бо субъектҳои минтақаи «Панҷ» шарт мондаем, ки аз ҳисоби худашон инфрасохтори авваларо ташкил мекунанду баъдан онро аз ҳисоби маблағҳое, ки бояд ба маъмурияти минтақа пардохт намоянд, рӯйпӯш кунанд».
Давлатзод таъкид мекунад, ки тибқи меъёрҳои мавҷуда, субъекти минтақаи озод бояд таи 3 сол сармоягузориро амалӣ намояд. Вай дар мавриди минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» изҳор дошт, ки айни ҳол ба таҳияи нақшаи генералии рушд машғуланд ва танҳо баъд аз ин ба таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ хоҳанд пардохт.