Нуриддин Саидов: Барои донишҷӯён ва муҳассилини ҷалбгардида маблағ пардохт намоед
Масъалаи омодагӣ ба ҷашни байналмилалии Наврўз бо ҳузури ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии пойтахт, сардори раёсат ва мудирони шўъбаҳои маорифи шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.
Тавре ба «Озодагон» аз вазорати маориф хабар доданд, зимни маҷлиси мазкур қайд карда шуд, ки имсол барои таҷлили ҷашн дар пойтахти кишвар ва ширкат дар чорабинии калони идона 6 ҳазор нафар донишҷў ва 4 ҳазор нафар хонандагони макотиби миёнаи шаҳри Душанбе ҷалб карда мешаванд. Оғози машқҳо барои хонандагони мактабҳои шаҳр 6-уми феврал ва барои донишҷўён 14-уми феврал муқаррар гардидааст.
Манбаъ афзуд, Нуриддин Саидов вазири маориф ба ректорон супориш дод, ки ба ин чорабинии муҳим аз ҳоло омодагии ҷиддӣ бинанд ва мутобиқ ба нақшаи муайянгардида, рўйхати донишҷўёнро бо фармони худ тасдиқ ва ба вазорати маориф пешниҳод намоянд.
Ҳамчунин, бо назардошти вазъи молиявии муассисаҳои таълимӣ, иштирокчиён аз ҳисоби суратҳисобҳои махсус бо маблағҳои пулӣ ҳавасманд карда шаванд. Ғайр аз ин, барои муҳассилини ҷалбгардида нақлиёти алоҳида ҷудо шуда, чиптаҳои бепули автобусу троллейбус низ дода мешавад.
Зимнан, Нуриддин Саидов баҳри тозаву озода, гулкорӣ ва сабзу хуррам намудани гирду атрофи муассисаҳои таълимӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Инчунин, дар доираи ин ҷашни фархунда дар муассисаҳои таълимӣ гузаронидани чорабиниҳои идона, овехтани лавҳаҳо ва навиштаҷоти наврўзӣ, ташкил намудани бозиву мусобиқаҳои гуногуни миллии варзишӣ, маҳфилу озмунҳо, аз ҷониби устодон инъикос намудани ойину вижагиҳои ҷашни мазкур тавассути радиову телевизион ва нашрияҳои даврӣ, чопи китобҳо бахшида ба Наврўз, намоишу тарғиби либосҳои миллӣ таъкид карда шуд.
Ёдрас менамоем, рўзҳои 21-24-уми март тантанаҳои ҷашнӣ дар кишвар сурат гирифта, рўзи 25-уми март чорабинии васеъи идона бахшида ба Наврўзи байналмилалӣ бо ширкати меҳмонони зиёди хориҷӣ баргузор мешавад.