Лептоп, нетбук ва телефону айфон. Ҷойиза барои журналистон
Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ), Кумитаи байнулмилалии Салиби Сурх (КБСС) ва намояндагии Федератсияи байнулмилалии ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (ФБҶ СС ва ҲА) озмун барои журналистонро тамдид мекунанд.
Абдуфаттоҳ Шафиев, корманди масъули ҶҲАТ ва ҳамоҳангсози барномаҳои ФБҶ СС зимни тавзеҳи ин иттилоъ ба хабаргузории «Озодагон» ва ҳамзамон дар муроҷиат ба ҳамқаламон иброз дошт: «Агар Шумо журналистед, қалами хуб доред, ба фаъолиятҳои башардӯстона таваҷҷӯҳ доред, ба дарду азияти мардуми ниёзманду офатзада бепарво нестед, бо қалами худ сарнавиштҳоро тағйир додан мехоҳед, пас, ин озмун интизори шумост».
Гуфта мешавад, ғолибонро тӯҳфаҳои вижа аз қабили лептоп, нетбук ва телефонҳои айфону дигар ҷойизаҳо интизоранд.
Барои ширкат дар озмун ба ин суроға ва шумораи телефонҳо тамос бигиред: efilatova@icrc.org; abdulfattoh.shafiev@ifrc.org 221-68-23, 221-86-60 ва ё 224-00-33