Носир Бозоров дар Қӯрғонтеппа ба мураббиёну доварон дарс медиҳад. Аз дзю-до
Бо ташаббуси Кумитаи миллии олимпии кишвар аз 27-ум то 31 январ дар шаҳри Қӯрғонтеппа давраи бозомўзӣ барои доварон ва мураббиёни гӯштини дзю-до идома дорад.
Тибқи иттилоъ, дар тамриноти мазкур 25 нафар намояндагони шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ширкат менамоянд. Муродалӣ Тешаев, сухангӯи КМО-и ҶТ зимни ташреҳи ин ҳабар ба «Озодагон» гуфт, сармураббии тими мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзю-до Носир Бозоров дар намуди назариявӣ ва амалӣ машқҳои таълимиро роҳбарӣ хоҳад кард: «Дар ҷараёни бозомӯзӣ ў ба мураббиёну доварони ҷавон нозукиҳои гўштини дзю-доро меомўзонад. Ҳамчунин, дар анҷоми курс аз ҷониби кумитаи тадорукот ба иштирокчиён шаҳодатнома супорида мешавад».