Эмбарго: Нархи нафт ба 150 доллар баробар мешавад
Арзиши нафт метавонад то ба 150 доллар ба ҳар як бушкаи он афзоиш ёбад.
Дар ин бора сарвари Ширкати миллии нафти Эрон Аҳмади Қалъабонӣ, ки дар иртибот ба эълони эмбарго ба нафти ин кишвар аз ҷониби кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо сухан мегуфт, изҳори назар намуд. Қарори маълум, тасмими эмбарго ба нафти Эрон ҳафтаи гузашта гирифта шуд ва акнун аз аввали тобистон он мавриди амал қарор мегирад.Аз сӯи дигар рӯзи чоршанбе Хазинаи байналмилалии асъор эълон кард, агар кишваҳои таҳримкунандаи нафти Эрон дар кӯтоҳтарин фурсат роҳҳои алтернативии ворид сохтани нафтро пайдо накунанд, арзиши ҷаҳонии он метавонад, то 30% ё худ 140 доллар ба ҳар бушка боло равад.