Фасод, амалҳои коррупсионӣ, ришваситонӣ ва додугирифти ғайриқонунӣ, порахӯрӣ аз ҷумлаи аъмолеанд, ки рушди ҷомеаро бозмедоранд.
Маҳз ин омилҳо сабаби карахтӣ ва хатчадор шудани имиҷи кишвар мешаванд. Пӯшида нест, ки дар Тоҷикистон низ ин мушкил вуҷуд дорад ва мубориза бо коррупсия амали дастаҷамъии мову шумост.
Зимнан, Фаттоҳ Саидов директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия изҳори омодагӣ кард, ки меҳмони хабаргузории «Озодагон» шавад ва ба пурсишҳои шумо дар ин росто посух гӯяд.
Барои ирсоли суолатон аз ин нишонӣ истифода кунед:
https://ozodagon.tj/rbr/97-2011