5+1 аз Эрон даъват мекунад. Барои ҳамкорӣ
Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун дар як конфронси хабарӣ, ки барои баррасӣ намудани иқтисоди ҷаҳонӣ баргузор гардид, аз кишварҳои 5+1 (Амрико, Русия, Чин, Фаронса, Британия ва Олмон) ва Эрон дархост намуд, ки ҳар чӣ зудтар гуфтушунидҳои худро дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон оғоз намоянд.
Ин дар ҳолест, ки рўзи 26-уми декабр Маҳмуд Аҳмади Нажод, райисҷумҳури Эрон зимни як нишасти хабарӣ гуфта буд, ки Эрон омодааст, дар бораи барномаҳои ҳастаиаш бо кишварҳои Ғарб гуфтушунид намояд.
Дар ҳамин ҳол, Виктория Нуланд, сухангўи вазорати корҳои хориҷаи Амрико мегўяд, омодагии Эрон дигар кофӣ нест. Мо аз Эрон хоста будем, то аз захира намудани уран даст бикашад, аммо ба ин нигоҳ накарда, барномаҳои худро идома дод.