2 филми мамнӯъ аз тоҷири суғдӣ мусодира шуд
Оиди пешгирӣ намудани воридоти ғайриқонунӣ, истеҳсол, фурӯш ва паҳншавии маводҳои аудио-видеовизуалӣ аз ҷониби мақомот ва сохторҳои дахлдори вилояти Суғд рейди вижа гузаронида шуд.
Дар бозорҳои «Дӯстӣ» ва «Атуш»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд рейди мазкур муайян кард, ки 869 адад маводи аудио- видеовизуалӣ ба меъёр ҷавобгӯ набудаааст, инчунин 277-тои он нобуд карда мешавад.
Ҳамчунин, аз шаҳрвандон С.Қодирҷонова 104 адад, А.Ғафуров 51 адад, А.Каримов 102 адад фиттаҳои рӯпӯши полиэтиленӣ доштаи беҳуҷҷат ва пастсифат, аз ҷумла 2 адад филмҳои мамнӯъ мусодира шуданд.