Тавре аз Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, қисми зиёди соҳибкорон ба вилояти Хатлон рост меоянд, ки 34 фоизро ташкил медиҳанд. Шумораи аз ҳама кам дар ВМКБ ба қайд гирифта шудаанд, ки ҳамагӣ 3 фоизро ташкил медиҳанд. Ба шаҳри Душанбе 21 фойизи соҳибкорони бақайдгирифташуда, ба Суғд 25 фойиз ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 17 фойиз рост меоянд.
Масъулини Кумита изҳор медоранд, ки барои ҳавасмандкунии бештар ба соҳибкорӣ таи соли гузашта 5 лоиҳаи қонун, як фармони президент ва 8 лоиҳаи қарори ҳукуматро, ки ба дастгирии соҳибкорӣ равона шудаанд, таҳия кардаанд. Намояндагони Кумита таъкид мекунанд, ки айни ҳол лоиҳаи қонуни Тоҷикистонро «Дар бораи ҳамкориҳои байни давлат ва бахши хусусӣ» ва лоиҳаи «Барномаи дастгирии давлатии соҳибкорӣ барои солҳои 2012 – 2020» - ро таҳия намуда, барои баррасӣ пешниҳод кардаанд.