Мусодираи 24 килограмм ҳероин дар вилояти Суғд
Боз як қочоқчии маводи мухаддир дар шимоли кишвар боздошт гардид.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, аснои баргузории як амалиёти вижаи кормандони милиса сокини кӯчаи Турсун-5, ноҳияи Спитамен Илҳомҷон Аҳмадқулов дар назди маркази савдои «Авесто» мавриди тафтиш қарор гирифт. Аснои кофтукоби шахсӣ аз ӯ як халтаи селофанӣ, ки дар дохилаш ҳудуди 24 килограмм ҳероин дошт, ёфту мусодира гардид. Феълан, дар робита ба ин қазия парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ гардида, тафтишоти ҳодиса идома дорад.