101 доллар афзудани интиқоли як тонна сӯзишворӣ ба Тоҷикистон
Айни ҳол нархи интиқоли як тонна сӯзишворӣ аз Русия ба Тоҷикистон тавассути роҳи оҳан 335 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо нархи интиқол дар моҳи январи соли 2011-ум 101 доллар қимматтар аст.
Дар ин бора ба хабаргузории «Озодагон» аз Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ба иттилои манбаъ, ҳаққи интиқоли сӯзишворӣ аз истгоҳи роҳи оҳани Комбинатски шаҳри Омск то истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Душанбе моҳи январи соли гузашта 234 долларро ташкил дода, то ҳозир дар ҳаҷми 101 доллар афзоиш ёфтааст. Сарчашмаи хабар таъкид кард, ки аз яке аз омилҳои асосии афзоиши нархи сӯзишворӣ дар бозори Тоҷикистон таи соли гузашта ҳақи интиқол буд, ки моҳи феврали соли гузашта то 249 доллар, моҳи апрел 253 доллар, моҳи октябр то 305 ва моҳи ҷорӣ то 335 доллар афзоиш ёфт. Ба гуфтаи манбаъ, ин гароншавӣ асосан аз ҳисоби афзоиши хизматрасонӣ дар роҳи оҳани кишвари ҳамсоя - Ӯзбакистон сурат гирифтаст.
Ин дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон таи як моҳи охир нархи сӯзишворӣ рӯ ба коҳиш ниҳодаст. Дар ин робита маъулини Хадамоти зиддиинҳисорӣ афзуданд, ки қаблан «Газпромнефт – Тоҷикистон» аз сабаби барои корҳои таъмиру тармим маҳкам будани корхонаи коркарди нафт дар шаҳри Омск, сӯзишвориро аз шаҳри УФА –и Башқирдистон ворид мекард, ки нисбат ба Омск аз Тоҷикистон наздики ду маротиба дуртар аст. Айни ҳол ба гуфтаи онҳо, корҳои таъмирӣ ба охир расиданд ва ширкати «Газпромнефт» боз аз Омск сӯзишворӣ оварда истодааст.
Аммо бо вуҷуди арзоншавӣ нархҳои мавҷудаи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон тибқи таҳлили масъулини вазорати рушди иқтисоду савдои кишвар нисбат ба оғози соли гузашта 54 фоиз қимматтар аст.