Қонуншиканӣ дар интихоботи парлумонӣ зиёд ба назар расид
Сардори Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастиркин аз мавҷуд будани беш аз 100 адад наворҳои қайди ҳолатҳои нақзи қонун дар рафти интихоботи порлумонии доиршуда хабар дод.
Ҷаноби Бастиркин, ки дар як нишасти хабарӣ сӯҳбат мекард, гуфт беш аз 100 адад наворҳои сабти қонуншиканӣ дар рафти интихоботи порлумониро дар даст дорем, феълан ҳамаи онҳо дар ҳоли баррасӣ қарор доранд.
Бино ба маълумоти Бастиркин барои омӯзишу таҳқиқи наворҳо мутахассисин аз Вазорати умури дохила низ ҷалб шудаанд. Аммо ҷаноби Бастиркин афзуд, барои баровардани ягон хулоса ҳанӯз барвақт аст ва хулосаҳо дар ин самт вақт мехоҳанд.
Манбаъ гуфт, баъди пурра омӯхта шудани наворҳо ҳатман хабарнигоронро иловатан дар ҷараён хоҳад гузошт.