Дар Душанбе таҳти раёсати президент Эмомалӣ Раҳмон доир ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо Афғонистон ва Наврўзи байналмилалӣ ҷаласаи машваратӣ сурат гирифт.
Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, дар нишаст аъзои Кумитаи тадорукот оид ба омодагӣ ба ин чорабиниҳо, роҳбарони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳои марбута, масъулини дастгоҳи иҷроияи президент ва намояндагони аҳли илму фарҳанг ва адаби кишвар иштирок намуданд.
Зимнан, доир ба омодагӣ ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо Афғонистон ва Наврўзи байналмилалӣ, ки имсол дар даҳаи сеюми моҳи март дар шаҳри Душанбе баргузор мешаванд, Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ ва муовини сарвазири кишвар Руқия Қурбонова гузориш доданд. Қайд гардид, ки барои иштирок дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ бо Афғонистон, ки дар сатҳи вазирон дар Душанбе баргузор хоҳад шуд, намояндагони 40 давлат ва 35 созмони минтақавию ҷаҳонӣ изҳори омодагӣ кардаанд.
Ҳамчунин, дар ҷашни Наврўзи байналмилалӣ низ иштироки роҳбарони як қатор давлатҳои ҷашнгирандаи ин иди бостонӣ ва намояндагони воломақом ва аҳли илму фарҳанг аз кишварҳо ва созмонҳои сершумори ҷаҳон дар назар аст.
Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор доир ба омода кардани нақшаю барномаҳои ин чорабиниҳои байналмилалӣ ва дар тамоми қаламрави кишвар истиқбол гирифтани соли нави аҷдодӣ супоришҳои мушаххас дод.